نشرات زنده
فارسی English عربي
123
-
الف
+

Пойтахт 4 ба истгоҳи охир расид; саргузашти нави оилаи маъмулӣ дар пеш аст

Имшаб, 11 ноябри соли 2026, қисмати охирини сериали мазҳакавии «Пойтахт 4» аз шабакаи «Айфилм2» пахш мешавад. Аз 14 ноябр мавсими панҷуми ин сериал ҷойи онро мегирад

Аз пирӯзии ғайричашмдошти Ҳумо дар интихоботи Шӯрои шаҳр то сохтмони хонае, ки пинҳонӣ оғоз шуда, дар ниҳоят ба ҷанҷоли нав табдил ёфт; саргузашти оилаи маъмулӣ дар мавсими чоруми сериали «Пойтахт» имшаб ба охир мерасад. Қисми ниҳоии ин сериали мазҳакавӣ имрӯз, чоршанбе, 11 ноябри соли 2026, аз шабакаи «Айфилм2» пахш мешавад.

Дар ин мавсим, зиндагии Нақӣ ва аҳли оилааш бо рӯйдодҳои гуногун рӯ ба рӯ шуд, ки ҳар кадоме ба навъе ба муносибатҳои байни аъзои оила таъсир расонд. Ҳумо бар хилофи пешгӯии Нақӣ дар интихоботи Шӯрои шаҳр раъйи зиёде ба даст овард ва ин пирӯзӣ фазои хонаводаро тағйир дод. Аз сӯи дигар, Арасту пас аз нопадид шудани Чучанг дар садамаи ҳавоӣ бо ғаму андуҳ ва саргардонӣ дасту панҷа нарм кард. Ин вазъият лаҳзаҳои гуногунеро дар зиндагии ӯ ба вуҷуд овард.

Аммо яке аз баҳсбарангезтарин воқеаҳои ин мавсим кӯшиши Нақӣ барои сохтани хонае барои хоҳараш Фаҳима буд. Мухолифати Ҳумо ба додани иҷозатнома боис шуд, ки Нақӣ ва наздиконаш бо ёрии Ус-Мӯсо ба сохтмони пинҳонии хона даст зананд. Ин тасмим дар ниҳоят бо дахолати мақомоти шаҳрдорӣ ва тахриби бино ба саргузашти нави ин оила табдил ёфт. Дар баробари ин кашмакашҳо, ҳузури Беҳбуд дар Африқо, саргузаштҳои Бобо Панҷалӣ, дилбастагии Раҳмат ва сару садоҳои Соро ва Ника низ ба ҳодисаҳои сериал ранги дигар бахшиданд.

Дар қисми ниҳоӣ тамошобинон бори дигар шоҳиди паёмадҳои тасмимҳо ва воқеаҳое мешаванд, ки дар тӯли ин мавсим зиндагии оилаи маъмулӣро дигаргун карданд. Оё ихтилофҳо ва мушкилоти хонаводагӣ барои оштӣ ва оромӣ ҷой боқӣ мегузоранд? Қисми охирини сериал идомаи саргузашти Нақӣ ва наздиконашро ба намоиш мегузорад, бе он ки анҷоми қисса аз пеш ошкор шавад.

Сериали «Пойтахт 4» бо коргардонии Сируси Муқаддам ва таҳиягарии Илҳом Ғафурӣ ба навор гирифта шудааст. Муҳсин Танобанда, Аҳмад Меҳронфар, Римо Роминфар, Алиризо Хамса, Насрин Нусратӣ, Ҳидоят Ҳошимӣ, Ҳуман Ҳоҷӣ Абдуллоҳӣ ва Меҳрон Аҳмадӣ аз ҷумлаи ҳунармандони ин мавсим мебошанд.

Қисми ниҳоии сериали «Пойтахт 4» имшаб, соати 20:00 ба вақти Теҳрон, 21:00 ба вақти Кобул ва 21:30 ба вақти Душанбе аз шабакаи «Айфилм2» пахш мешавад. Аз рӯзи шанбе, 14 ноябри соли 2026, мавсими панҷуми «Пойтахт» бо саргузаштҳои нави оилаи маъмулӣ ҷойгузини он хоҳад шуд.

نظر شما
ارسال نظر